ОҒОЗИ ОЗМУНИ ДОХИЛИТАЪЛИМГОҲИИ «ДОНИШҶӮИ СОЛ – 2026»
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмуни дохилитаълимгоҳии «Донишҷӯи сол – 2026» расман оғоз гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни фаъолу болаёқат, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон баргузор карда мешавад.
Дар марҳилаи аввал зиёда аз 20 нафар донишҷӯён аз ҳамаи факултетҳои донишкада барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат ва дархостҳои худро пешниҳод намуданд. Иштирокчиён аз рӯи сатҳи дониш, маҳорати илмӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодкорӣ ва ташаббускорӣ баҳогузорӣ карда мешаванд.
Тибқи Низомномаи озмун, ғолиби даври дохилидонишкадавӣ барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Донишҷӯи сол – 2026» ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Мақсад аз баргузории озмун ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ҳамчун нерӯи созандаву пешбарандаи ҷомеа мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО